![]() | |
Бренд | OnePlus |
---|---|
Созанда | OnePlus[d] |
Иртиботот | 3G, 4G LTE, LTE-A |
Санаи барориш | 2017 |
Пешгузашта | OnePlus 3 |
Ҷонишин | OnePlus 6 |
Навъ | Камерафон, смартфон |
Форм-фактор | Моноблок |
Андозаҳо | 154.2 x 74.1 x 7.3 мм |
Вазн | 153 г |
Системаи омилӣ | Android 7.1.1 (Nougat) |
Пардозанда | Qualcomm Snapdragon 835 |
Графика | Adreno 540 |
RAM | 6/8 Гб |
Ҳофизаи флеш | 64/128 Гб |
Аккумулятор | 3300 мА·с |
Камера | 16 Мп+20 Мп |
Камераи пеш | 16 Мп |
Мароҷеъ | oneplus.net/5/ |
OnePlus 5 — смартфони ширкати хитоии OnePlus мебошад, ки 20 ибни 2017 сол муаррифӣ шудааст. Ин намуд бояд OnePlus 4 номгузорӣ мешуд, аммо рақами 4 дар Хитой рақами нобарорӣ ва бадбахтӣ ҳисоб мешавад.[1] OnePlus 5 вориси намуди OnePlus 3 аст.
Дизайни OnePlus 5 бо сабаби шабоҳат бо дизайни iPhone 7 зери танқид қарор гирифт.[2][3]
Аз рӯи гуфтаи директори генералии ширкат Карл Пей, OnePlus 5 яке аз смартфонҳои аз ҳама зиёд фурӯхташавандаи ширкат гардид ва дар рейтинги дохилии фурӯш мавқеи OnePlus 3T-ро гирифт.[4] Дар Ҳиндустон OnePlus 5 дар ҳафтаи якуми фурӯш рекорди даромадро дар платформаи Amazon нишон дод.[5] Моҳи ноябри 2017 сол директори генералии зерсохтори OnePlus дар Ҳиндустон Викас Аггарвал хабар дод, ки истеҳсоли OnePlus 5 боздошта шуд зеро ширкат ба истеҳсол ва фурӯши намуди OnePlus 5T гузаштааст.[6]